БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АНДЕША. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якҷоя тамошо намуда,  аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. 

Яке аз он рӯйдодҳои муҳими соли гузашта баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва итихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд,  ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод, шаффоф  ва демократӣ, дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд. 

Дигар нуктаи фараҳбахши Паём он аст, ки меҳнаткашони мамлакат ба душвориҳои соли гузашта нигоҳ накарда, дар соли сипаригардида  дар тамоми соҳаҳо -  иқтисод, саноат, хоҷагии  қишлоқ  ба дастоварҳои меҳнатӣ ноил гардиданд.   Баъди расидан ба ҳадафи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар оғоз ва суръат бахшидани таъмиру азнавсозии роҳҳои байни шаҳру ноҳия, ҷамоатҳо ва деҳу маҳаллаҳо ҳар яки моро руҳбаланд  намуд. Мо ба Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён медорем, ки  пайваста дар ҳаққи шахсони муҳтоҷи ёрӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ ҳам нисбати кӯдакони маюъб, маъюбони гурӯҳи якум , ятимони кул ғамхории набатӣ зоҳир карда шуд.

Мо аз он  қаноатмандем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон  моро аз паёмадҳои солҳои оянда огоҳ месозад ва барои осон бартараф намудани душвориҳои пешомада  ба иҷро расонидани корҳои муайянро  нишон медиҳад. Аз ҷумла дар Паёми навбатӣ ҳам бинобар соли душвор будани соли 2021 Пешвои миллат ба ҳар яки мо таъкид намуданд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳо боз ҳам самаранок истифода намуда, як не,  якчанд ҳосил ба даст биорем. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, мекӯшанд, ки дар иҷрои онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

Олимхӯҷа  Олимов,  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзӣ”-и ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg