БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН ОЛИҲАИ ЗИНДАГИСТ

АНДЕША. Рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ироа  гардид.

Дар  Паёми навбатӣ  чун ҳамасола  аз ҷониби  Пешвои миллат  дар тамоми  соҳаҳои  хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  хориҷи он  ба пуррагӣ  таҳлилҳо  ба роҳ монда шуданд. Дар Паёми навбатӣ  Пешвои миллат  оид ба  нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат фаъолияти  занонро дар ҷомеа ҳаматарафа таҳлил намуда,  фаъолияти  бевоситаи  занонро  мусбӣ  арзёбӣ карданд. Аз ҷумла  қайд карда шуд, ки  дар дилхоҳ корхона ва  муассисаҳое, ки роҳбарии онҳоро занон ба уҳда доранд, корҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон, дар соҳаи  маориф низ ба фаъолияти занҳо баҳои мусбӣ дода шуда, ишора карда шуд, ки натиҷаи таҳлилҳо  нишон доданд, ки  дар муассисаҳои таълимие, ки сарварии онҳоро занон ба уҳда доранд, фаъолият хуб ба роҳ  монда шуда, ҳамасола   90 % -и  хатмкунандагони ин муассисаҳо  тибқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳу донишкадаҳои   кишвар ва хориҷи он дохил шуда,  сазовори  номи донишҷӯ мегарданд.

Одиназода Санавбар, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg