АНДЕША. Хушбахтии мо занон аст, ки дар ин айём зиндагӣ ва фаъолият менамоем. Мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии диёр ба марҳилаи нав расидааст. Шаҳомат ва мақоми баланди мо занон маҳсули муборизаҳои зиёд аст. Дар гӯшаи хаёл ҳам набуд, ки замоне фаро мерасад ва занон дар мақоми роҳбарият мансабҳои зиёди давлатиро соҳиб мешаванд. Дурбинии сиёсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 3 декабри соли 1999, №5 Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»-ро ба имзо расониданд. Фармони мазкур имконият дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва марказҳои вилоятҳо занон ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда таъин гарданд. Сиёсати хирадмандона ва садоқати самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба занону модарон буд, ки имрӯз бонувони тоҷик дар қатори дигар бонувони мамлакатҳои пешрафта дар арсаи байналмиллалӣ дар як саф қарор доранд.
Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгаҳ ва мақоми зан боз ҳам густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишвар фароҳам оварда шудааст. Занон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, муаррифгар ва тарғибгари сиёсати давлат, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати аввалии худ модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, ҳамсари меҳрубонро низ ба дӯш дорад. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 январи соли равон ироа гардид, бори дигар эътимоди худро ба занони тоҷик дода, чунин қайд карданд: «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Боварӣ кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занони кишвар барои роҳбар будан эътиқоду боварии комили занонро аз тарафи Президентамон бори дигар собит месозад. Ин эътимоди самимӣ мо бонувонро вазифадор менамояд, ки ба ин боварии комил сазовор бошем ва вазифаи асили модарӣ- тарбияи дурусти насли навраси хешро ба роҳ монда, ба нафъи Ватан - Модар фаъолият намоем.
Тоҷикистон имрӯз ба мулки шаҳриёрони сарфароз, донишмандону бузургони равшанзамир, бонувони боломақом, ҷавонони хештаншиносу, худогоҳу ватандӯст табдил ёфтаву сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ насибамон гардидааст.
Бо масъулият ва дарки баланди ватандорӣ ҳизбиёни шаҳри Норак, ба хусус бонувон умед бар он доранд, ки ҷашни бузурги 30-солагаии соҳибистиқлолии кишварро сазовор таҷлил менамоянд.
Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак