БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ДАСТУРЕСТ БАРОИ ПЕШРАФТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки санаи 26.01.2021 дар Кохи Сомон баргузор гардид,  оид ба дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии дигарбораи соҳа ба соҳа таҳлилҳои асоснок намуда, ҳисоботи худро доданд. Ҳамзамон дар рақамҳои муқоисавиашон соҳа ба соҳа илман асоснок намуда, исбот карданд, ки Тоҷикистон ба мушкилоти сайёра омада нигоҳ накарда дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуруҷи бемории коронавирус вуҷуд надорад, аммо ин рақам моро қаноатманд карда наметавонад. Зеро дар  дигар давлатҳо хавфи хуруҷи марҳилаи сеюми ин беморӣ рафта истодаасту эҳтимолияти ба Ҷумҳурии мо низ омаданаш аз назар дур нест мо бояд, ки омодагии ҳамаҷонибаи худро дошта бошем.

Ҳатто вақти ироаи Паём Пешвои миллат гаштаю баргашта ба мардуми шарифи Тоҷикистон ёдрас намудаанд, ки қабл аз 12 сол ман гуфта будам, ки ҳар як сокини кишвар захираи дусолаи маводи ғизоияшро дошта бошад, чунки дар сайёра хавфи нарасидани маводҳои ғизоӣ пешорӯ омада истодааст. Аммо одамоне буданд, ки ин гуфтаҳои Пешвои миллатро нодида гирифта бемасъулияти зоҳир намуда, имрӯз, ки беш аз як миллиард сокини сайёраи замин аз нарасидани маводҳои ғизоӣ танқисӣ мекашанд. Дар бозорҳои дохилию берунӣ нарху навои маҳсулотҳои ғизоӣ давра ба давра баланд шуда истодааст, дигарбора ҳушдор сохтанд, ки аз ҳар як фарди ҷумҳурӣ, ки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ доранд, самаранок  истифодабарии онҳоро дуруст ба роҳ монда, аз онҳо 3 - 4, маротиба гирифтани ҳосилро супориш доданд.

Зеро ки айни ҳол давлатҳои абадқудрати дунё шартномаҳои иқтисодии худро бар асари бемории коронавирус қатъ намуданд, ки Тоҷикистон ҷумҳурие мебошад, ки 60 % маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардаду дар сурати қатъ гардидан моро мушкилию норасоиҳои маводҳои ғизоӣ пешорӯ омада эҳтимолиятӣ баланд рафтани нарху навои маҳсулотҳои ғизоӣ пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат дар асоси таҳлилҳои саҳеҳи худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон, бахусус хоҷагии халқи кишвар қайд карданд, ки аз Бадахшон то Душанбею Хуҷанд ва дигар манотиқи Тоҷикистон; қад – қади роҳҳо ҳама маҳсулотҳои дастранҷи деҳқонони кишваранд, ки мо аз лаззаташон манфиат мебарему гувоҳи сиёсати дурусти мо дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Инчунин, бунёди шароити хуби инфрасохторӣ дар дурдастарин гӯшаи кишвар, ки бо такяи  соҳибкорону саховатмандони мамлакат амалӣ шуда ва шуда истодаанд.

Паёми навбатӣ аз Паёмҳои  солҳои  пешин ба куллӣ фарқ дошт, зеро дар бораи Паёмҳои пешин гӯем агар дар он танҳо барои расидан ба ин ё он ҳадафҳои стратегии кишвар талош меварзидем, аммо дар Паёми навбатӣ барои рушд ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар бояд талош варзида, баҳри амалӣ гардидани нақшаи пешбинигардидаи ҳукумати мамлакат ва дар ин росто баҳри расидан ба ҳадафи 4 - уми стратегии кишвар яъне “Саноатикунони босуръати мамлакат” ноил гардиданамон шарт ва зарур мебошад. Умедворам ин ниятҳои неки Сарвари оқилу донои мо ба мисли дигар ҳадафҳои қаблии кишвар амалӣ хоҳад гашт.

Ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати ятимону маъюбон, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоате, ки имрӯз ба кӯмак ва ғамхориҳои давлати ниёз доранд кам набуда, баҳри таъмини он маошҳои нафақавӣ онҳоро 20 то 50% афзоиш доданӣ аст.

Баҳри таъмини аҳолӣ бо маводҳои ғизоӣ ва таъмини шароити хуби корӣ ба коркунони хоҷагии деҳқонӣ ва дигар намуд хоҷагиҳо дар соли 2021 аз андози солона озод намуда, онҳоро водор сохтаанд, ки баҳри таъмини бозори дохила бо маводҳои ғизоии худӣ саҳми боэтимоди худро гузоранд.

Сарварон ва раисони ноҳияю шаҳрҳоро супориш доданд, ки дар ноҳияҳои худ баҳри бартараф намудани мушкилоти маҳал ва аҳолӣ саҳмгузор бошанду шароити хуби зиндагиро барои аҳолӣ таъмин намоянд.

Дар воқеъ Пешвои миллат ба боварию эътимоди мардумаш бовар карда иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ истиқбол гирифта, баҳри боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагии  кишвар саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Каримзода Пирмуҳаммад Афғон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg