ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ №34”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин иброз намуданд, ки рӯзи 26.01.2021 бори дигар Паёми Сарвари давлатамон баргузор шуд, ки дар он зимни баёни масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, инчунин доир ба масъалаҳои тарбияи насли наврас, соҳаҳои илму маориф низ ироа гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ низ қайд намуданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.