ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии деҳоти” Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ ҷиҳати расонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ зикр намуданд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2021 матраҳ гардид.
Зимнан қайд гардид, ки ҳамаи мо шаҳрвандони бо нангу номуси кишвар бо дарки баланди масъулият ва садоқат ба Ватан ҳар як дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ садо доданд, сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, рисолати бузурги дар наздамон гузошташударо бо сарбаландӣ иҷро менамоем.