АНДЕША. Тавре, ки ба хамагон маълум аст, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маъюбону бепарасторон ва шахсони дорои имконияти маҳдуддоштаро яке аз қишрҳои ниёзманди ҷомеа мешуморад. Ҳукумати мамлакат низ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ба ин қишри ниёзманд пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар зери ҳамин сиёсат шахсони саховатманду хайрхоҳ дар арафаи иду ҷашнҳо ба ин табақаҳо дасти ёрии худро дароз мекунанд. Ин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии маъюбон чунин иброз намуданд: "Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад".
Аз ҳамаи ҳамватанон даъват ба амал оварда мешавад,ки дар зери сиёсати Пешвои миллат, содиқ бошем, ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша омода бошем.
Илҳом Даминов, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар н.Вахш