“Миллате, ки бузургон ва каҳрамонони гузаштаи худро қадр мекунад саодатманд аст, аммо саодатмандтар аз он миллате аст, ки ба қадри қаҳрамонони зиндаи худ мерасад”.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АНДЕША. Соҳибистиқлолӣ ин неъмати бебаҳоест, ки на ба ҳамаи халқияту миллат насиб гардидаст. Дар ҷаҳони имрӯза, мувофиқи маълумотҳои таърихӣ зиёда аз 3-ҳазор халқияту миллат зиндагӣ мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо соҳиби давлат ва истиқлоли миллӣ мебошанд. Танҳо соҳиби давлат ва истиқлоли миллӣ онҳое гардиданд, ки мубориза бурда, ба ҳама сахтиҳо тоб оварданд. Фарзандоне тарбият намуданд, ки бори миллатро бар души худ кашида, бо корнамоӣ ва каҳрамониҳои худ ҷовидона боқӣ монданд. Яке аз онҳо, ки тӯли ҳазорсолаҳо ранҷ кашидаву сахттарин ва талхтарин рӯзҳоро аз сар гузаронидааст, ин миллати тоҷик аст ва аз замони зуҳур то имрӯз дар зинаҳои мухталифи ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақши муассир гузоштааст. Фарзандони бо нангу номус ва содиқу ҷасури он дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, корнамоиҳои беҳтарини таърихиро дар ин роҳ касб карданд.
Аз саҳифаҳои дурахшони таърих аз корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ метавон сабақи ибрат омӯхт. Маҳз онҳо бо роҳе рафтаанд, ки барояшон манфиати миллӣ аз манфиати шахсӣ боло буд ва барои халқу ватани худ аз баҳри ҷони худ гузаштанд. Хидматҳои шоёни онҳост, ки дар таърих номашон абадӣ занда аст ва имрӯз корнамоиҳои онҳо роҳнамои зиндагии мо ҷавонон мебошад.
Баъди пош хӯрдани давлати бузӯрги Сомониён миллати тоҷик зери зулм ва ситами аҷнабиён қарор гирифт. Он ҳама дороиву сарват, боигарӣ ганҷинаи гаронмояи худро аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ аз даст дод. Баъди чашидани зулму бедодгариҳо аз дасти аҷнабиён чи будани истиқлоли миллиро орзу намуда, чунин хаёлотро дар дил мепарвариданд:
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Ба хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
Маҳз, барои ба даст овардани соҳибистиқлолии кишварамон хизматҳои ҷоннисоронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик боис гардид, ки мо соҳиби давлат шудем ва имрӯз моро тамоми кишварҳои дунё мешиносанд. Бо заҳмату талошҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон ба монанди:
Садриддин Айнӣ – олим, адиб, академик, қаҳрамони Ҷумҳури Тоҷикистон бо навиштани асарҳои гаронбаҳою пурмазмуни худ, «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва ғайра, ки аксарияти онҳо ба 29 забони хориҷӣ тарчума ва нашр шудаанд;
Нусратулло Махсум – ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, cолҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Барои химояи манфиятҳои миллӣ аз ҷониби таълимоти “Тройка”-и Иттиҳоди Шуравӣ соли 1937 ноҳақ қатл карда шудааст. (Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуд);
Шириншоҳ Шоҳтемур – ходими давлатӣ ва ҳизбӣ, солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, cолҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Барои ҳимояи манфиятҳои миллӣ аз ҷониби таълимоти “Тройка”-и Иттиҳоди Шуравӣ соли 1937 ноҳақ қатл карда шудааст. (Августи соли 1956 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуд);
Бобоҷон Ғафуров – олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, қаҳрамони халқи тоҷик. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, cолҳои 1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, cолҳои 1956-1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон», ки онро шиносномаи миллати тоҷик гӯем хато намекунем. Маҳз бо навиштани ин китоб тоҷикон мавқеи худ ва халқи тоҷикро дар байни халқиятҳои Иттиҳоди Шуравӣ устувор намуданд.
Мирзо Турсунзода – шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», (1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва ҷозаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Соли 1999 барои саҳми муносиб дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Оё хизматҳои чунин каҳрамононе, ки ормонҳои чандинҳазорсолаи гузаштагонамонро зинда гардониданд, метавон фаромӯш кард. Мебояд ҳар лаҳзаи саргузашти онҳоро сармашқи кори худ қарор дод. Ҳамин хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат буд, ки мо имрӯз соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем. Мо бояд ҳамеша шукронаи истиқлол ва сулҳу оромии ватанро ба ҷо орем. Ҷумҳурии Тоҷикистон – ватани азизи ҳамаи мову шумо Тоҷикистониён аст. Айни ҳол ватани мо дар ҳоли рушду нумӯъ қарор дошта, ҳамаи мо муваззаф гардидаем, ки дар ободии ин меҳани азиз камари ҳиммат бандем. Дар ин баробар моро месазад, ки бо душманони миллат муносибати оштинопазир дошта бошем. Ба суханони бардурӯғи аъзои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бовар накарда, дасисаҳо ва сару садоҳҳои беасоси онҳоро дар шабакаҳои интернетӣ маҳкум намоем, то ҷон дар бадан дорем алайҳи чунин палидон мубориза барем. Онҳо хурдтарин мушкилоти ҷомеаро сабаб дониста, чун мақоли халқӣ “Аз пашша фил месозанд”. Онҳо фикр мекунанд, ки бо ин корашон такроран мардумро фиреб дода, мисли худашон гумроҳу дарбадар месозанд. Охир бешарафӣ то ба кай идома меёбад. Рӯзе мешавад аз кардаи худ пушаймон мешавед, ки он вақт дер мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар як ҷавони солимфикру қавиирода набояд ба дурӯғи ин нохалафон дода шавад. Мо ҷавонон ҳамеша такя ба хиради волои аҷдодонамон, ки “Кас агар аз таърихи гузаштаи худ воқиф набошад, инсони комил нест” амал мекунем. Оё шумо ҷавонони муҳтарам боре барои гуноҳи аслии ин хоинон, ки имрӯз дарбадару хок бар саранд фикр кардаед? Ба як ҷумла метавон посух дод. Онҳо барои халқу миллат ҳеҷ гоҳ хизмати содиқона накардаанд, балки аз беиродагию сабукандешӣ худро ба пули ночизе фурӯхта, ба ин бало гирифтор шудаанд. Бо қувваи берунӣ харидорӣ шуда, ҳатто қарзор ҳам шудаан ва баҳри адои қарз имрӯз бар миллати соҳибистиқлолу ватани ободи хеш хиёнат карда истодаанд. Имрӯз мо ҷавонони солимфикр барои решакан намудани ин нохалафон, ки пайваста бо фиребу найрангҳои пасипардагии худ мехоҳанд ҷомеаро ноором созанд, мубориза мебарем.
Дар охир гуфтаниям, ки мо ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, аз як гиребон сар барорварда, дар пайравӣ бо шахсиятҳои бузурги миллат, ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунем.
Асроров Саидшо, корманди КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон