БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МАҚОМИ ЗАНРО БОЗ ҲАМ БОЛО БАРДОШТ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  26-уми январи соли равон  бузургиву беназирии зану модарро ситоиш намуда гуфтааанд: «То оне, ҳастам, ҳамеша модарону бонувони Тоҷикистони азизамро пуштибонӣ ва дастгирӣ хоҳам кард”.

“Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу бомаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин тарбияткунандаи миллат ҳастанд, Занон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”.

Имруз занону бонувон ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти доимии худ қарор медиҳанд. Бояд гуфт, ки занону духтарон дар даврони осоиштагӣ зиндагӣ карда, бо кӯшишу дастгирӣ ва талошҳои Президенти кишварамон мақом ва манзалати хешро пайдо кардаанд.

Чуноне ки дар урфият мегӯянд: Офаридгор накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз абру борандагӣ, вафодорӣ аз куҳ, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилхонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ овардаву занро офаридааст, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Нарматова Нафиса, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg