БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҚУТБНАМОИ АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

АНДЕША. Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ ба ҳисоб рафта, дар пешорӯи мо бобати боз ҳам мусоидат намудан ба рушди бемайлони хоҷагии халқи мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳоду дастурҳо ва супоришҳои мушаххас  гузошта мешаванд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.01.2021 дар  Қасри Сомон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо, раисони шаҳру навоҳии мамлакат, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиёну фаъолон доир гардид, дар шароите роҳандозӣ шуд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз афзоиши бемории фарогири коронавирус азият кашида, тамоми фишангҳои иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ то ҷое ба нишондодҳои манфӣ рӯ ба рӯ шуданд. Тавре Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паём ёдовар шуданд, новобаста аз вазъи ногувори иктисодии ҷаҳон, ки ин бархурдҳо ба кишвари мо низ таъсиргузор буданд, ҷасорату иродаи матини мардуми кишвар, ваҳдату якдилӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бобати пешгирӣ ва нест шудани ин вабои аср миёни мардуми Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд. Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид гардид, ки аз миён рафтани гирифторшавӣ ба ин бемории фарогир маънои онро надорад, ки мо дар масъалаи саломатии мардум бетараф бошем. Шароити ҳассос  водор месозад, ки ҳоло ҳам чораҳои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ миёни аҳли ҷомеа риоя карда шуда, аз сари масъулияти ҷиддӣ барои пешгирии афзоиш ва паҳншавии ин бемории ҳамагир кору фаъолият намоем.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироа гардид, ин зиёд намудани доираи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар масири рӯ овардани бештари ҷавонон ба китоб, омӯзиши фарҳанги пурғановати миллат ва ашъори ниёгон буд, ки мо дар соли сипаришуда аз баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!»  ва иштиёқу ҳавасмандии бештари ҷавонон ба ин чорабинӣ амиқан огоҳ шудем. Баргузории чорабинии мазкур чеҳраҳои нави илму фарҳангро миёни ҷавонони насли нав бармало намудор намуда, як роҳи баланд бардоштани раванди донишомӯзии ҷавонону наврасон, хурду бузурги мамлакат маҳсуб меёбад ва ин омил бобати баланд гардидани ҳуввияту худшиносии миллӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Ҳамчунин дар масъалаи баланд гардидани иқтидори иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилҳои воқеӣ ироа гардида, ёдрас шуданд, ки новобаста аз мушкилоти иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ рушду пешрафти иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуд.

Дар масъалаи сиёсати дохилию хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз танишҳои гуногуни мазҳабию динӣ, ифротгароию терроризм Пешвои муаззами миллат сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакатро дар доираи ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ба бархурдҳои ҳарбии кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлати ҳамзабони Афғонистон, ки муддати зиёда аз 40 сол инҷониб оташи ҷангу хунрезӣ аланга дорад, бо далелҳои қотеъю раднашаванда ва мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи сулҳу пешрафти ин кишвари ҷангзада ибрози андеша намуданд. Ва ҳамон сиёсати дарҳои боз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ тибқи талаботи Конститутсияи кишвар роҳандозӣ намудааст, дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ мавқеи хосса дорад.

Дастгирии оилаҳои камбизоат ва ранҷуру маъюб ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар мадди назари доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Бо назардошти ҳамин ва тибқи талаботи Паёми имсола   вобаста ба дастгирии ин қишри ниёзманди аҳолӣ андозаи нафақи онҳо аз 1 сентябри соли 2021  аз 15 то 50 фисад баланд бардошта хоҳад шуд.

Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду бузург, имконияти баробари рушди ин соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мавриди таҳлили воқеӣ қарор гирифта  дар робита бо афзоиши бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ хоҷагидорон аз пардохти андози ягона барои давраи соли 2021 озод гардиданд, ки ин як дастгирии давлатии ҳама хоҷагидорони мамлакат мебошад. Дар зимн ёдрас шудан лозим аст, ки истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани маҳсулоти ниёзи мардум, инчунин афзоиши воридоти маҳсулот ба бозори дохилию хориҷӣ дар шароити ҳассоси замони муосир бобати рушди нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакату ҳар як хонаводаи мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Зеро аксари мардуми кишвари мо дар деҳот зиндагӣ намуда, ба истифодаи замин дастрасӣ доранд.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои иқтисодию хоҷагидории мамлакатро дарбар гирифта, дар назди ҳар як мансабдори воломақому шахсиятҳои оддӣ бобати рушди ҳамаҷонибаи кишвари маҳбубамон вазифаҳои мушаххасро мегузорад. Мо низ вазифадорем, ки дар масири баланд бардоштани иқтидори иқтисодию иҷтимоии кишварамон ҳамагон аз сари масъулият кору фаъолият намоем. Зеро соли равон тамоми хурду бузурги мамлакатамон аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон истиқбол мегирем ва дар ростои таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ ҳар як хурду бузурги Ватан муваззафем, ки содиқонаю софдилона кору фаъолият намоем.

Умуман аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии давлатӣ ва заминаҳои устувори давлатдории миллиамон дар доираи тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзӯртару пешрафтатар мегарданд ва умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзанди худро мегузоранд.

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg