БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ОЯНДАИ БОСАОДАТ ДИЛГАРМ СОХТ

АНДЕША.  Паёми Пешвои миллат дар санаи 26.01.2021 сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқатан ҳам имсол бисёр хотирмон ва муҳимтар аз ҳама ба истиқболи ҷашни таърихии миллату давлат 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омаданаш барои тамоми сокинони кишвар ҳамчун роҳнамо баҳри созандагию ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва тамоми самтҳои фаъолият мусоидат хоҳад кард.

Пешвои миллат дар Паёмашон ҳамаи бурду муваффақиятҳоро дар соли сипаригашта  таҳлилу баррасӣ намуда,  вазифаҳоро мушаххас баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият муайян намуд.

Дар Паём мисли Паёмҳои пештара нисбати ғамхорӣӣ ба қисми осебпазири ҷомеа ятимону маъюбон пешниҳодҳои мушаххас дарҷ гардид, ки он аз 1.09.2021 сол мавриди амал қарор дода мешавад.

Дар баробари ин дар Паёмашон баҳри дар соли равон таъмини амнияти озуқавории кишвар ба деҳқонон имтиёз дода, онҳоро аз пардохти андози ягона озод намуд, ки ин деҳқононро водор менамояд, ки имсол заҳмати хуб намуда, аз як замин се – чор ҳосил ба даст оранд ва  дар таъмини амнияти озуқавории худ ва аҳолии кишвар саҳми арзанда гузоранд. Дар Паём баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати сокинони кишвар такроран эълон намудани озмунҳо ва дар баробари ин қадрдонии волидон ва устодони ғолибони озмунҳо бо пешниҳоди Пешвои миллат ба инобат гирифта мешавад, ки ин бори дигар аз сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Паём як сабақест барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, аз ин лиҳоз ҳар сокини бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки аз рӯи масъулияти ба зимма доштааш новобаста дар кадом вазифа кору фаъолият дорад баҳри пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда,  дар пойдории ин неъматҳои бебаҳо мусоидат намояд.

Ин аст қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди боору номуси ин сарзамин. Бо боварӣ метавон гуфт, ки сокинони боору номуси ноҳияи Шаҳритус ҳамчун як узви ин сарзамин чи хеле, ки дар соли сипаригашта тавассути иштирокашон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ содиқ буданашонро ба ин Ватану Пешвои он исбот намуданд, дар иҷрои дастурҳое, ки аз Паём бармеояд бори дигар содиқ будани хешро нишон хоҳанд дод.

Шарофзода Ҳомидҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи   Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg