БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-СУБОТУ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Шаҳрвандони  кишвар  санаи  26 декабри соли  ҷорӣ  Паёми  навбатии Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ироа гардид,  шунида ва  бо хушнидиву масъулияти  баланд  қабул  доштанд.

Воқеан  ҳам   ҳарсола   Паёми   Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии дохилию хориҷии мамлакат, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю  мақсад  ва  марому  роҳҳои  расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта роҳандозӣ  карда  мешавад.

Доир  ба  Паёми  навбатии   Сарвари давлат  "Дар бораи самтҳои асосии  сиёсати  дохилӣ   ва  хориҷии   кишвар" ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа  гардида,  пеш  аз  ҳама  бояд  қайд кард,ки Паёми  навбатиро  як  барномаи  мукаммали  ояндасози миллату  давлат ҳисобидан  ба  маврид  аст, чунки  дар  Паём  дар  баробари шарҳу тавзеҳи иҷрои нақшаву барномаҳои  қабулгардида  дар  соли  2020, дурнамои  самтҳои  асосии  сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  кишварамон   дар   солҳои  минбаъда  ба  таври  равшану  возеҳ  ироа карда шуд.

Ҳамин аст, ки  Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  имсола  дар  бораи  тараққиёту  пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму  фарҳанг  ва  сиёсати  дохилию  хориҷии  кишвар  истода гузашта,  вазифаҳои  минбаъдаи  давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  барои  як  сол  ва солҳои оянда мушаххасан баррасӣ намуданд.

Пеш аз ҳама  дар Паём  зикр  шуд,ки  бо дарназардошти он,ки  соли  2020  барои  тамоми   кишварҳои   ҷаҳон, алалхусус  Тоҷикистони  мо низ  аз  ҳама  ҷиҳат  соли  бениҳоят  душвору  мураккаб  буд  ва  ба  ҳамаи  ин  нигоҳ  накарда  воқеан  ҳам  ҳамватанони азизи мо тавонистанд,ки бо меҳнату заҳматҳои зиёд  ин  солро бо натиҷаҳои хело ҳам қаноатбахш  ҷамъбаст  намоянд.

Зимни  ироаи   Паём,   Сарвари   давлатамон,  бо таҳлилҳои  васеъ  ҳатто  аз  натиҷаҳои   фаъолияти  29  солаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  истода  гузашта   дар  ин  навбат  на  аз  марҳалаи  давлатсозӣ,  балки  дар  бораи рушди  устувори  иқтисодиву  иҷтимоии  кишвар суханронӣ  намуданд.

Пешвои  муаззами  миллат  дар  Паёмашон  ироа  намуданд,ки  соли 2020-ум дар саросари кишварамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18300 иншоотҳои  истеҳсолӣ, иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  бунёд шудааст, ки  бештари  онҳо иншоотҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ  ва варзиш  буда, бо  ҳамин  роҳ  даҳҳо  ҳазор  ҷойҳои  нави корӣ муҳайё шуданд.

Ҳамчунон  дар  Паём  иброз  шуд, ки истеҳсоли  маҳсулоти озуқа нисбат  ба соли 2019, 28,3 фоиз афзоиш ёфт,ки ин ба беҳтар таъмин гардидани  бозори  дохилӣ  бо маҳсулоти  истеҳсоли  ватанӣ  мусоидат намуд.

Маҳз дар соҳаҳои  саноату  кишоварзӣ  рушду инкишоф ёфта, соли сипаришуда  беш аз 300 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд  бо  беш  аз  6500  ҷойи  корӣ таъсис  ёфтаву  157  муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ  ва  биноҳои   иловагӣ  барои   63   ҳазор  нафар  хонанда, 108 муассисаи тиббӣ  ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили  истиқоматӣ  сохта  ба  истифода  дода  шудаанд.

Сарвари давлат дар  Паёмашон ба масоили фарогирии донишҳои замонавию мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва  риёзӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷониби Пешвои  миллат  бо дарназардошти  боз  ҳам  бештар  ба  омӯзиши  илмҳои  риёзиву дақиқ  ва табиӣ,  ҷалб  намудани  наврасону  ҷавонон, олимону муҳаққиқон  ва  устодону  омӯзгорон  пешниҳод  гардид, ки  ҳамасола  озмуни  ҷумҳуриявӣ  таҳти  унвони  "Илм-фурӯғи  маърифат" гузаронида шавад  ва   аз  гузаронидани  озмунҳои   пешина, ки  бо номҳои "Тоҷикистон-Ватани  азизи ман"  ва   ҳамчунон  "Фурӯғи  субҳи доноӣ  китоб аст"   Пешвои муаззами  миллатамон  хуш  истиқбол  намуда,  бо хушнудиву ифтихор  изҳор  доштанд,ки  дар  байни  наврасону  ҷавонони мо истеъдодҳои  нодир  ба  воя  расида  истодаанд,ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба  дастгириву  ҳавасманд  намоем ва изҳори умедворӣ карда шуд,ки баргузории  озмуни  навбатӣ  низ  барои  пешрафти  илмҳои  риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши сазовор гузошта барои  боз  ҳам дарёфт намудани истеъододҳои  наврасу  ҷавон  мусоидат  хоҳад  кард.

Яке аз ҳадафи   асосии   Пешвои   муаззами  миллатамон  аз  ин иқдомҳо албатта пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати саводу маърифатнокии  мардум  ва  дар  навбати аввал наврасону ҷавонанд, ки ояндаи миллату давлатанд ва ҳамчунон тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву   ватанпарварӣ, ҳувияти   миллӣ, арҷгузорӣ  ва  омӯхтани  забон, таърих, фарҳанги  бостонии  тоҷикон, тавсеаи  донишу  ҷаҳонбинии илмиву техникӣ  ва  рушди  илмҳои  дақиқу  табиӣ  дар  кишвар мебошад.

Қайд  намудан  зарур  аст, ки ҷавонон  аз  ҳарвақта  дида  бояд бештар аз  сиёсати  ҷавонпарваронаи   Пешвои   миллат  ҷонибдориву   пуштибонӣ  намоянду  ба қадри  сулҳу  осоиштагии  ин  замон  расида,  Ватанро  ҳамчун  гавҳараки  чашм  ҳифз намоянд. 

Маҳз  дар  Паёми имсола дар баробари намояндаҳои табақаҳои гуногуни   кишвар, олимони   ҷавон  низ  даъват шуда  иштирок  доштанду  аз  дастгириҳои   навбатии   Сарвари  давлатамон  бархӯрдор  гардиданд,ки  ба андозаи 30 фоиз стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо  аз  1  сентябри  соли  2021  зиёд  карда  шуд.

Дар  Паёми  навбатӣ  низ  сиёсати халқпарваронаву ғамхоронаи Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  боз  ҳам  бараъло эҳсос  гардида,  бо  пешниҳоди  Сарвари  давлат  нафақаи кӯдакони маъюби то синни 18   сола  20  фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи  якум 50 фоиз баланд  бардошта  шуд,ки  ин  пешниҳодҳо  аз  сиёсати ҳақиқии раъиятпарварии   Роҳбари   давлатамон  буда,  ягон  қишри  ҷомеае  нест, ки  аз ғамхориҳои  Пешвои  муаззами  миллат  дур  монда  бошанд.

Сарвари  кишвар  дар  баробари ироаи Паёми  навбатии худ ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бори дигар вазифаҳоро барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намуда, ҳар як сокини бонангу номуси миллатро уҳдадор карданд, ки дар ин раванд бетарафию  монеагӣ  накарда баҳри ободониву  ободкорӣ  ва  созандагии  кишвар  саҳми арзанда дошта бошем.

Воқеан  ҳам, Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами  миллат-Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби  Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастур  ба худшиносию   худогоҳӣ, инсондӯстиву  ватанпарварӣ  ҳидоят намуда, моро  ба ҳаёти  осоиштаву зиндагии шоиста мерасонад.

Танҳо ҳама шаҳрвандони кишварамон, ки чӣ дар дохиланду чӣ дар хориҷи кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртаззоду пурҳаводиси ҷаҳони муосир, тезутундшавии ҷаҳонишавӣ ва таъсири давлатҳои  абарқудрат,  фирефтаи  ҳар  як  хоину мазҳабфурӯш нашуда  ҳимояи  неъмати  барои  ҳар  як  инсони бонангу  номус  озодиву истиқлолияти  меҳани  азизро  ҳамчун  гавҳараки  бебаҳо  ҳифз  намоем,ки  ин аз мо ватандорон танҳо иттиҳоду сарҷамъиро мехоҳад.

Бо  ҳамин  мақсад  ҳам  Паёми  навбатии  Пешвои  миллат пур аз ғояҳои  ғурури  миллӣ  ва  ифтихори  ватандорӣ  буд.

Хулоса, Паём умедворкунанда буда, бо боварии  комил гуфта метавонем,ки мардуми  шарафманди  кишвари  соҳибистиқлоламон-Тоҷикистони   азизи  мо  бо  роҳбарии сиёсати хирадмандонаву ояндабинонаи  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва хислатҳои неку созандаашро ба кор бурдаву Ватани азизу маҳбубамонро  ба  давлати   боз  ҳам  ободу  пешрафта  ва  ҳамқадами  ҷаҳони  муосир табдил хоҳанд дод.

Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  ҳар  нуқтае, ки зимни  Паём ироа гардидааст, сармашқи  фаъолияти  хеш  қарор  дода, ҷиҳати   татбиқи он дар ҳама соҳаҳои  рушдкунандаи  ҷомеа  талош  хоҳанд  кард.

Паёми Пешво ҳам нангу ҳам суботи мост,

Ҳар ҳуҷҷату пайғомаш, дастур ба ҳаёти мост.

Муҳаммаддовуд Муҳаммадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg