БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТ, СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАНАНД!

ҶАЙҲУН. Бо ибтикори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор гардид

Зимни суҳбат масъулин оид ба таърихи таъсисёбии ҳизб, фаъолияти босамари он, барномаи ҲХДТ, саҳми ҳизбиён дар ҳаллу баррасии бисёр мушкилоти ҷомеа ибрози андеша карда,  таъкид намуданд, ки барномаи ҲХДТ дурнамо ва рушди тамоми самтҳои муҳими ҳаёти кишварро, бахусус самти ҷавононро дар бар гирифта, ҷиҳати пешрафти онҳо саҳмгузорӣ менамояд. Нақши ҲХДТ дар пешрафту рушди самтҳои муҳиму афзалиятнок беандоза ва нотакрор аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳизби мо аз иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромад ва маҳз бо шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст ва раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад.

Инчунин,  оид ба  маводҳои номатлуб ва иғвоангез аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон маълумот дода шуда,  қайд гардид, ки ҳангоми истифода аз шабакаи интернетӣ  ҳушёр бошанд ва аз тамошои инхел маводҳои нодурусту нопок худдорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg