БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МЕҲВАРИ АСОСИИ ПЕШРАФТУ ШУКУФОИСТ

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои пешин дар сарораси кишвар ва берун аз он, дар байни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кардааст. Чунки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки бунёди ояндаи некуаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад, ироа гардид.

Ҳамчунин Паём дар даврае ироа гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон  ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар Паёми навбатии худ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд карданд, ки Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.
Бояд қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик ба ҳам омада ва ин дастовардҳо боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназири мо буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоду садоҳои моро ба инобат гирифта пазироӣ менамояд.

Аз ин рӯ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву ватандорӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи асосии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои аслии стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми қонунгузорӣ, густариши минбаъдаи ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву ваҳдати миллӣ бояд, ҳар як фарди баору номуси миллат саҳми арзишманди хешро гузорад.

Солиҳов Ф, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg