БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО ОБОДИЮ ДУРАХШОНИИ ФАРДО

АНДЕША. Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари андешаҳои намояндагони васоити ахбори омма ва коршиносони дохилу хориҷ қарор дорад.

Чун аз равзанаи таҳлил нек менигарӣ пайдост, ки инсон, инсонгарию инсонпарастӣ, тарбияи ҳисси меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва фароҳамсозии  зиндагии шоиста марому маҳаки сиёсати Пешвои миллат аст.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, истифодаи самараноки замин ва барои ду соли оянда доштани захираи хӯрокаи мардум яке аз андешаҳои дурбинонаи Пешвои миллат дар Паёми худ ба ҳисоб меравад. Ин шакли ояндасоз аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар хуб арзёбӣ гардида, ин иқдоми шоиста барои беҳбудӣ бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бо дарназардошти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон дар оянда дастгирӣ ва диққати махсус равона мегардад.

Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳар банди Паёми Сарвари давлат ифтихор ва шукргузорӣ аз истиқлолияту озодӣ, соҳибватанию  соҳибдавлатӣ, сидқан дӯст доштани марзу бум, муқаддасоти миллӣ ва даъват ба бунёдкориҳову созандагиҳо дар кишвар буда, рӯшангари роҳи фардои миллат аст.

Т. Шоев,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg