БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ - ИФОДАГАРИ РУШДИ ОЯНДАИ КИШВАР

АНДЕША. Мавзӯи  меҳварии  Паёми  имсолаи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, санаи  26-уми  январ «Дар  бораи  самтҳои  сиёсати  дохилӣ ва  хориҷии Ҷумҳури  Тоҷикистон» ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ироа гардида,  таҳлили  амиқи  вазъи  иҷтимоию  иқтисодии  мамлакатро  фаро  гирифтааст. Дар  Паёми  имсола  қайд  гардид, ки новобаста  аз  буҳрони  молиявӣ, ки  тамоми  давлатҳои дунёро фаро  гирифтааст, Ҳукумати  Чумҳурии  Тоҷикистон  дар  соли  сипаришуда  пешрафти  соҳаҳои мухталифи  иқтисодӣ,      бахусус  бахшҳои  истеҳсолӣ  таъмин  гардида,  рушди  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ дар  сатҳи  7 фоиз нигоҳ  дошта  шуд. Дар  Паём  қайд карда  шуд, ки  амалишавии  барномаҳои  соҳавии  қабулгардида ва  лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  бо  ҷалби  сармояи  мустақим боз  ҳам  ривоҷ  дода  мешаванд.

Муҳтавои  Паёми  имсолаи  Сарвари  давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни    ироаи Паём  ба Маҷлиси Олии  кишвар таҳлили  дурнамои  нишондиҳандаҳои  макроиқтисодь  мавриди  таҳлили  ҷиддӣ қарор  дода,  ба  хотири  рушди  истеҳсолоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содироти  мамлакат  ва   дастгирии соҳибкорон таваҷчуҳ  зоҳир намуда, ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  дастгирии  молистеҳсолкунандагони  ватанӣ  фароҳам  овардани  имкониятҳои  васеътарро  таъкид  намуданд. Бо  мақсади  таъмини  пешрафти  соҳаи  кишоварзӣ  ва  ҳифзи  амнияти  озуқаворӣ дастгири   кишоварзон  соли ҷорӣ аз  андози  ягонаи  замин ба  муддати  як  сол  озод  карда  шуданд.

Ҳамчунин,  дар  Паёми  имсолаи  худ Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   дар  устувор  грдонидани  пояҳои  моддиву  техникии  муассисаҳои  таълимӣ, баланд  бардоштани  сифати  таълим  дар ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот, махсусан  таҳсилоти  томактабӣ  бо маром  зиёд карда  мешаванд, ки барои  рушди   қобилияти  зеҳнии  кӯдакон  шароити  мусоид  фароҳам  оварда  мешавад. Соли  2021  дар  кишвар  соли  баргузории  озмуни  ҷумҳуриявии   «Илм –фурӯғи  маърифат»  вобаста  ба  таълими фанҳои  табиатшиносӣ  риёзӣ ва дақиқ   эълон  гардид. Барои  ғолибони  озмун  ва  инчунин, барои омӯзгорону  волидайни  хонандагоне, ки  дар  озмунҳо  ҷойҳои  сазоворро   ноил мегарданд, ҳавсмандкунии  давлатӣ  муқаррар  карда  мешаванд.

Дар  сиёсати  иҷтимоии  Ҳукумати  кишвар дастгирии  молиявии  муассисаҳои  ҳифзи  иҷтимоӣ   оилаҳои  камбизоат  афзалият  дошта ва  ин  бартариятҳо  дар  солҳои  минбаъда  низ   боқӣ  мемонад.  Дар  Паём  барои  маъюбони  модарзод, маъюбони  гурӯҳи  якум  низ  иловапулиҳо  муқаррар  мегарданд,ки аз  ғамхорҳои  Сарвари  давлат дар  ҳақки  гурӯҳҳои  осебпазири  аҳолӣ, дар  навбати  аввал  маъюбону  бесарбонмондагон  ба  шумор  меравад.

Дар  Паём  Сарвари  давлат  ба  мақоми  зан  дар  ҷомеа баланд  бардоштани  мавқеи  онҳо  дар  дастгирии  сиёсати  давлат  ва  афзоиши  онҳо  дар  корҳои  роҳбарӣ  ва  хизмати  давлатӣ  ва  фароҳам  овардани  имкониятҳои  васеъ барои  фаъолияти  онҳо  махсус  қайд  карда  гузашта,  масъулиятшиносии  занон  ҳамчун  нерӯи  бузурги  ҷомеа  қадр  гардид.

Сиёсати  ҳуқуқӣ  ва  такмили  қонунгузорӣ низ  яке  аз масъалаҳои муҳиме буд, ки  дар  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамаҷониба  баррасӣ  гардида, фаъолияти  мақомоти  давлатӣ, сиёсати  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  барномаҳои  сиёсӣ-ҳуқуқӣ барои  солҳои  минбаъда таҳия  гардиданашон  ва  инкишофи минбаъдаи  қонунгузории  кишвар дар  асоси  дурнамои  инкишофи онро, ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  намудааст,  ба  роҳ  мондан  ба  мақомотҳои  дахлдор дастурҳо  дода  шуд.

Сарвари  давлат  дар  Паём доир  ба  авзои  сиёсии сайёра, ки  ҳоло  бисёр ноорому бесубот ва  боиси  ташвишу нигаронии  ҷиддии  ҷомеаи  ҷаҳон гардидааст,  дар  суханрониҳои худ иброз  намуда,  талошҳои  Тоҷикистонро бахшида  ба  хатарҳои  замони  муосир   изҳор  намуданд.

Пешвои   муаззами  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  имсолаи  худ  иброз  намуданд, ки  мо  дар  марҳилаи  ҷашни  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  кишвари  азизамон  қарор  дорем,  дар  давоми  сӣ сол   Тоҷикистон  аз  як  кишвари муфлис  ва ҷангзада ба  яке  аз  кишварҳои  фазояш  ором ва  рӯ  ба  рушд табдил ёфт. Истиқлолият  ба  ҳамаи  хурду  калони  кишварамон  роҳи  бузургро боз  намуд, ки  боиси  ифтихори  ҳар яки  мо  сокинони  кишвар мебошад ва  бо  меҳнати  ҳалолу суботкоронаи  хеш зиндагии  осоишта дорем.   Ба  хотири  расидан  ба  ҳадафҳои  миллиамон  кӯшишу ғайрат  намоем, бо  сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои  мавҷударо  бартараф  кунем, рушди  устувору  босуботи  кишвари  азизамонро таъмин  созем. Раванди  ободкориву созандагиро беш  аз  беш густариш  дода,  рӯзгори  ҳар  як  хонадони  Тоҷикистонро  аз  имрӯз беҳтар  гардонем.

Бояд  гуфт, ки  Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  дастури  роҳнамо ҷиҳати  амалӣ  намуданашон  вазифаи  ҷонию  имонӣ ва  виҷдонии   ҳар  як  сокини  кишвар  мебошад.

С.  Ализода, раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg