БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ҲАДАФҲОИ ОЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР

 АНДЕША. Як нуктаи муҳим дар Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат  то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи марзу сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи  таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.  

Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад..

Агар то соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ  қариб 1000 иншооти варзиш фаъолият дошта бошад,  пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне шумораи иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлоли беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст.

Воқеан, ҳам ин аст сиёсат ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва насли ояндаи миллат. Имрӯзҳо Сарвари давлат ба он ҷавононе, ки воқеан ҳомии Ватан ва марзу буми  кишвар ҳастанд такя  менамояд,   зеро дар бисёр кишварҳои дунё, алалхусус дар Тоҷикистони азизамон ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф шудаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан  ғайриимкон аст. Дар замони муосир рӯй овардан ба масъалаҳои ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Мо ҷавонони саодатманди ноҳияи Панҷ хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша дар хонаи умедамон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум побарҷо бошад.

Поянда бод, давлати тоҷикон ва парафшон бод, ливои он дар самои софу беғубор!

Ғафуров Сайдамир,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ:                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg