БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ЗЕВАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ки: “Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу бомаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд,  зеро онҳо дар  баробари ин тарбияткунандаи миллат ҳастанд, оина

ва зевари миллати сарбаланди  тоҷик мебошанд”. Инчунин,  таъкид доштанд, ки “Давлате, ки нисбат ба модар – ин  сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”    

Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгаҳ ва мақоми зан боз ҳам густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишвар фароҳам оварда шудааст. Занон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳастанд

Сарвари давлат дар Паёми навбатияшон  бори дигар эътимод ва эътиқоди  худро ба занон  иброз дошта, таъкид намуданд, ки  ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа ва қувваи асосии пешбарандаи он  эътимоди комил доранд.  Қайд карда шуд, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар, ки  занон фаъолият менамоянд,   натиҷаҳои кор назаррас мебошад ва ин исботи масъулиятшинос ва мушкилнописанд будани занонро гувоҳӣ медиҳад.

Ин боварию эътиқод ва эътимоди самимии Сарвари давлат  мо бонувонро  вазифадор менамояд, ки ба ин боварии комил сазовор бошем ва ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар кору пайкори худ намунаи ибрати дигарон бошем. Дар амалисозии ҳадафҳои созандагию ободкориҳо саҳми арзандаи худро гузорем ва вазифаи асили модарӣ-  тарбияи дурусти насли наврасро хуб ба роҳ  монда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба миллату давлат ба воя расонем.  

 А.Сафарова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg