БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон роҳҳои дуруст сафарбар кардани хайру сахоро омӯхтанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули намояндагони мақомотҳои қудратӣ, ходимони дин ва дигар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

Дар доираи ҳамин чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев вохӯрии гурӯҳи  корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир гарадид.

Вохӯриро роҳбари гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ҳусни оғоз бахшида, фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони кишвар  баён намуд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин имомхатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Темурмалик Доробов Абдулвадуд  ва сардори шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳия Бедилов Ҳасан иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон  суханронӣ карданд.

Айни замон вохӯриву корҳои  фаҳмондадиҳии гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Темурмалик  идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg