БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЗАНОН ИФТИХОР АЗ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МЕКУНЕМ

АНДЕША. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода, ба донишу малака, кордонию ташаббускории онҳо итминони комил дорад.

Пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва эътимоди бевоситаи роҳбарияти олии кишвар, теъдоди занону бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Панҷ чанд маротиба зиёд шудааст. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло айни замон шумораи занон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба 32,5 фоиз расидааст, ки аслан онҳо бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба ҳисоб мераванд. Имрӯз дар соҳаи маорифи ноҳия 66 фоиз ва тандурустӣ 69 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки Президенти кишварамон нисбати

мо-занону бонувон ғомхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри ободонию гулгулшукуфии Ватани азизамон - Тоҷикистон ба ин табақаи ҷомеа, боварию эътимоди беандоза дорад. Бо ин мақсад дар Паёмашон Президенти кишвар ба мақомотҳои дахлдори мамлакат супориш дод, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо – занону бонувонро вазифадор мекунад, ки баҳри рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон дучанду сечанд хизмат карда, бо мақсади ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи он дониш, малака ва таҷрибаи андухтаи хешро дареғ надорем.

Бо дили пур гуфта метавонем, ки мо ба боварии Пешвои миллат содиқем ва дастуру супоришҳои онро дар маҳал сари вақт ва пурра таъмин мекунем.

Ҳасанова Нигора, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg