БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОНУ ПАДАРУ МОДАРОН

КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб мубориза бар зидди терроризм-экстремизми сиёсию динӣ, иҷроиш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо омӯзгорон ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотиву тарғиботиро ба роҳ монданд.

Ҳизбиён  дар баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро як мушкилие фаро гирифтааст, ки ин густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад. Терроризму экстремизм барои амнияти мардум ниҳоят хатарнок мебошад. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони ифротгарои динӣ, ки аксаран ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот доранд, онҳоро биомӯзанд ва бикӯшанд, то ба онҳо ҳадафҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, пойдорӣ ва ваҳдати мардумони кишварро бифаҳмонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg