
АНДЕША. Рӯзи 26-январи соли ҷорӣ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида, дар он бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварро аз Паём то Паём таҳлили амиқ намуда, вазифаҳоро барои соли 2021 саҳеҳу равшан муайян намуд.
Пӯшида нест, ки роҳбарияти олии мамлакат соҳаи кишоварзиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати худ ҳисобида, барои рушди ин соҳа мунтазам имтиёзҳои зиёдеро амалӣ карда истодаанд. Дар Паёмаш Пешвои миллат бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеҳсолӣ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андозаи ягонаи замин озод карда шаванд. Мусаллам аст, ки ноҳияи Панҷ аслан ноҳияи аграрӣ буда, хоҷагии қишлоқ ягона сарчашмаи даромади аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз мардуми ноҳияи дурдасти мо аз ин иқдом ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, бобати таъмини дастуру супоришҳое, ки вобаста ба рушди соҳаи мазкур, аз Паёми Роҳбари давлат маншаъ мегирад, азму талош хоҳанд намуд.
Файзизода Каримоҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ