БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МАСЪУЛИЯТИ МОРО ДУЧАНД МЕНАМОЯД

АНДЕША. Мо имрӯз агар амиқану дақиқан назар андозем пероҳан намудани Паём аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол бо як малакаю маҳорати суханвариву сухансанҷӣ ва бо дарки эҳсоси баланди  милливу меҳанӣ ба фарди Тоҷикистон  Паёми мубораки худро расонид.

Ин пеш аз ҳама чун як рӯйдоди мубораки сиёсӣ аз шаҳомат ва шукӯҳи истиқлолияти миллии  мо дарак додем, ки имрӯз дар тафаккури якояки мардуми Тоҷикистон  пеш аз ҳама як модели назариявӣ табдил ва такомулро эҷод намуд. Дар Паём бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони мо фарогир буданд ва яке аз мавзӯъҳои  мубраме, ки дар солҳои охир ва дар ин Паёми Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллати мо ба тамоми ҳузурдоштагон, бо аҳамияти фавқулода доштанашон руҷуъ намуд, ин ҳам бошад ҳимоят ва ҳифз намудани  ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти миллии Тоҷикистон мебошад.

Пешвои  муаззами  миллат имрӯз аз раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳаракати бошитоб ва пайдарпаи ҷаҳонишавӣ моро бори дигар ҳушдор намуд ва таъкид дошт, ки дар ин амвоҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки  ба шуури фарҳангӣ, шуури миллӣ ва шуури мазҳабии мо таасуб пайдо менмояд,  мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бо як эҳсоси баланди меҳандӯстию ватанпарварӣ бо дониши саҳеҳ, бо имконот, бо таҷриба ва бо як иродаи фавқулода ба Ватану ватандорӣ бо ҳар як арзишу муқаддасоти Тоҷикистони азизи худро  ҳифозат намоем ва ба ояндагон ба саломат бирасонем.

САФАРОВА  Наргис,   мудири  бахши омори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg