БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲНАМО

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо вуҷуди вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ,расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  ва ба ин восита таъин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Соли 2020, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун соли таърихию хотирмон садо дода, мо ҳизбиёнро вордор месозад, ки баҳри амалӣ намудани самтҳои асосии он ҳиссагузор бошем. Моро зарур аст, ки дастгириҳои Пешвои миллатро нисбати қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва эҳтиёҷмандон, ки ҳамасола  зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ҷонибдорӣ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар саъю талош намоем.

Махсусан боварию эътимоде, ки ба занону духтарон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат садҳо мо бонувонро водор месозад, ки  бо

дарки масъулияти баланди сиёсӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, нуқтаҳои асосии онро ба ҳар як хонавода расонем, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити зист, сабзу хуррам гардонидани коргоҳу корхонаҳо, кӯчаю гулгаштҳо ва манзилҳои истиқоматӣ фаъолияти худро бештар намуда, ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пашвоз гирем .

Гулсунбӣ Раҷабова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg