БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- ЧАРОҒИ ФУРӮЗОН ВА ФИШАНГИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Дар ҳаёти ҷамъияти-сиёсӣ, иҷтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад менамояд.

Паёми имсола фарқкунанда буда, яке аз хусусиятҳои хос дар он аст, ки ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамоӣ менамояд. Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд ва барои амалишавии онҳо дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд.
Дар ин ҳуҷҷати стратегиву сарнавиштсоз ба хотири рушди минбаъди кишвар як қатор вазифаҳо назди масъулини  соҳоти  мухталифи мамлакат  гузошта шуд. Аз ҷумла, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои  нав, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва ғайраҳо.

Дар Паём пеш аз ҳама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, ташкилу омода ва бакордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирии соҳаи соҳибкорӣ ва дастгирии нафақахӯрону ятимону маъюбон нишон дода шудааст. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирифт. Ин Паём барои ба роҳ мондани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастурамали мукаммал ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои дигари давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад, зина ба зина дар амал татбиқ гардида истодааст. Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани нафақаи маъюбон, ятимон ва кӯмакпулиҳо, шаҳодат аз он медиҳад, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат миллати тоҷик ба дастовардҳои арзанда ноил гардида истодааст.
Паёми навбатии  Пешвои миллат, хусусан мо ҷавонони мамлакатро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд. Таваҷҷуҳи  Роҳбари давлат ба ҷавонон масъулияти мо ҷавононро дучанд мегардонад ва мо ҷавонон аз Пешвои муаззами миллат барои ғамхориҳои падаронаашон миннатдор буда, минбаъд низ барои сазовор будан ба боварии Пешвои миллат ҷиддитар меҳнату талош менамоем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Восеъ
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg