БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ бетараф настанд

ПАНҶ.  Ёдовар мешавем, ки шаби 16  ва 17 майи соли ҷорӣ бинобар сабаби боришоти зиёди борон дар як қатор  деҳоти ноҳияи Панҷ омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи омодани ин офат ба мардуми деҳа ва маҳаллаҳои  ҷамоатҳои деҳоти Озодагон, ба номи Кабут Сайфутдинов, Намуна  ва Нури Ваҳдат хисороти зиёд расид. Аз ин офат заминҳои корам, манзилҳои  истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон зарар дида, чорвои мардум  талаф ёфтанд.

Вобаста ба ин ҳодисаи табиӣ Ситоди доимамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, хисороти расонидашуда муйаян гардидааст.

Ҳамзамон, барои бартараф кардани оқибатҳои  офати табиӣ ҳашарҳои дастаҷамъона, аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони дигар маҳаллаҳо ташкил карда  шуда, дар ҷойҳои осебдида барои тоза кардани манзилу ҳавлиҳои зарардидагон аз гилу лой саҳм гузошта истодаанд. 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  низ дар қатори дигар муассисаҳои ташаббускор тасмим гирифт, ки ба осебдидагон кӯмаки аввалияи  хешро расонад.

Бо ин мақсад ба як зумра оилаҳои зарардида маводҳои хӯрока, аз ҷумла картошка, пиёз, равған  ва нону анвои гуногуни шириниҳо расонида шуд.

Илова бар ин, рӯзҳои истироҳатӣ аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизб гурӯҳи корӣ барои тоза кардани якчанд  манзили истиқоматии сокинони маҳаллаи Отчапари ҷамоати деҳоти Озодагон  сафарбар гардиданд.

Дасти мададу ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ва камбизоатон дар моҳи шарифи Рамазон амали неки инсондӯстона буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар ва раҳму шафқат ҳидоят месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg