БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили пешгирӣ аз гаравиш ба гуруҳҳои ифротист

НОРАК. Дар деҳаи Чортути ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо ва дигар шахсони даъватӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохурӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби  Қумринисо Гулмуродзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сайдалӣ Одилов,  роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  Ғафурзода Фирдавс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин масъулин атрофи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда, иштирокдоронро барои анҷоми корҳои хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон ба шахсони ниёзманди ҷомеа, ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо, маъюбону беперасторон ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg