БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ МУСТАНАДИ «БЕШАРАФӢ» ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНИ МИЛЛАТРО БАРДОШТ

ВОКУНИШ. Баъд аз тамошои филми «Бешарафӣ» мутахассисони бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён чунин иброз намуданд, ки душманон ва бешарафоне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ менамоянд, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо дахолат намуда, бо роҳи иттилоот дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нооромиҳо ва нофаҳмиҳоро амалӣ намудан мехоҳанд. Боварӣ дорем, ки амали як қатор душманони миллат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, мехоҳанд сулҳу оромии кишварро зери хатар гузоранд, ҳар як шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад. Чунон, ки ба ҳар яки мо маълум аст, шахсе, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои ҳангуфт барои иҷрои супоришҳо ба даст меоранд ва  онро бо роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Гулгулшукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо ва ҷабҳаҳо хоҷагони хориҷии бешарафон-душманони миллати тоҷикро хашмгин месозад. Онҳо Тоҷикистонро дар алангаи ҷангу оташ  табдил ёфтанро мехоҳанд. Мо аз ҷанги дохилӣ хулосаҳо баровардаем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дастгирӣ мекунем. Хизматҳои шабонарӯзии ин шахси барӯманди миллат, Тоҷикистонро дар рӯи олам маъруфу машҳур гардонид. Хислати инсондӯстии Пешвои миллат барои мо тоҷикон дастури асосӣ барои корбарӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо аҳли кормандони бахш ба ин бешарафон муроҷиат намуда, амали онҳоро маҳкум менамоем ва ҳар қадар Тоҷикистонро дар рӯи ҷаҳон сиёҳ намоед ҳам, халқи тоҷик ба ҳам зич омада, зиракии сиёсиро аз даст нахоҳад дод ва барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистон меҳнат мекунем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки як гурӯҳи душманони давлат бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ-идеологиро ба роҳ монда, таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷии худ кӯшиш доранд, фазои осудаи кишвар ва оромии ҷомеаро халалдор созанд. Ин душманони миллат дар сар ҳавои бозгашт ба ҳаводиси хунини солҳои аввали истиқлолиятро дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҳар василае талош доранд ва мехоҳанд дар байни аҳолии Тоҷикистон тафриқа андозанд. Мардуми Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳи манфиатҷӯро медонанд ва аз макрашон ғофил нестанд. Мо дар қатори дигар ҳамдиёрони худ зидди чунин ашхоси бешараф ҳастем ва хоҳони онем, ки дигар дар Тоҷикистон ягон табаддулот ба вуқӯъ наояд. Мо аҳли кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён, бар зидди чунин амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин буда, ӯро ҳушдор месозем, ки халқи тоҷик дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, бо суханони Пешвои миллат гуфтанием «Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо- ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашем».

Холиқзода Гулракат, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg