БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРЕСТ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МО

АНДЕША. Дар ҳақиқат бори дигар дар Паёми Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардид, ки аз Паёмҳои дигар  дар назардошти муҳимияти масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ  қарор гирифтаанд, хеле фарқкунанда буд ва чун аз оғоз мо бори дигар мушоҳида кардем, ки Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама ба ташаккул додани тафаккури маънавии насли наврас  ва ҷавонони кишвар хеле таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва аз озмунҳое, ки баргузор гардид дар шароити Тоҷикистони муосир чун озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва дар зиминаи он бештар фаро гирифтани фарзандон ба илму донишандӯзӣ ва замина гузоштан барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.

Пеш аз ҳама тавваҷуҳи мо дар ин Паёми имсола ба он  ҷалб гардид, ки имрӯз  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки масъалаи маориф ва илм дар сархати  асосӣ  қарор дорад, ҷалб намудани насли наврас ва ҷавонони кишвар ба илмҳои дақиқ ва риёзӣ  яке аз муҳимият ба самтҳои хеле муҳим  дар солҳои оянда ба инобат гирифта шавад.

Дар радифи дигар бошад шароити соҳибистиқлолӣ кишварамон муҳимтарин нуқтае, ки Пешвои муаззами миллат илова карданд, ин пеш аз ҳама аз бунёди муассисаҳои таҳсилоти олӣ  дар шароити Тоҷикистони муосир аст. Дар Паём зикр намуданд, ки агар дар 70 соли давлати Шӯравӣ 13 Муассиси таҳсилоти олӣ дар ҳудуди кишвар буд ва дар он 62 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мегирифт ва бубинед, ки дар шароити 30 соли соҳибистиқлолии  кишварамон пеш аз ҳама дар самти таҳсилоти муносиб ба наврасону ҷавонон имконият фароҳам оварда шуд, ки аз 13 муассиса  ба 41  муассисаи таҳсилоти олӣ баробар карда шуд. Аз 62 ҳазор донишҷӯе, ки дар   он давра  таҳсил мегирифтанд, имрӯз ба 245 ҳазор баробар карда шудааст.

Ва муҳимтарин нуқтае, ки Паёми имсола дар масоил омода кардани мутахассисон дар ҳориҷи кишвар иброз намуданд, 40 ҳазор ҷавонони  Тоҷикистон дар бонуфузтарин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳориҷи  кишвар таҳсили илм мегиранд, ки ин пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони дараҷаи олӣ дар хориҷи кишвар ва барои Тоҷикистони азизамон зарур буда, мусоидати хеле фаъол менамояд.

Аз ин ҳама суханоне, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ироа намуданд, моро бори дигар ҳушдор месозад, ки барои пешравии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,   муовини раиси Кумитаи иҷроияи  дар ноҳияи Данғара 

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg