АНДЕША. Чи тавре, ки ба мову Шумо маълум аст, Пешвои муаззами миллат ҷавононро яке аз пояҳои асосии давлат мешуморанд. Аз соли 1991 ин ҷониб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя мекунанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат,ки санаи 26-уми январи соли ҷорӣ баргузор гардид, нақши ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза хело баланд арзёбӣ карданд. Инчунин, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчи беҳтар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз руӣ равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030”-ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Аз дастгириҳои Пешвои миллат,ки нисбати ҷавонон зоҳир мегардад, бояд мо ҷавонони замони соҳибистиқлоли кишвар шукргузорӣ ва миннатдорӣ намоем. Пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем,ки суханони Пешвои миллатро шиори худ қарор дода, ҳамеша кӯшиш намоем, ки каме ҳам бошад дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Ҳар як суханҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор диҳем то ба дастгириҳои падаронаи Пешвои миллат сазовор бошем.
Ҳамидов Р., Қосимов М. ва Б. Раҳимов, волонтёрони назди КИ ҲХДТдар вилояти Хатлон