БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ МО

АНДЕША. Президенти  кишвар  Эмомалӣ   Раҳмон  дар ироаи   Паёми худ вазъи  кунунии  ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди  таҳлилу баррасӣ  қарор доданд  ва  самтҳои  асосии  сиёсати   дохилию хориҷии  давлатро  барои  соли 2021 муайян намуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олӣ  яке аз сарчашмаҳои  ташакул  ва  инкишофи  ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру  раҳнамои  ҳар фарди  ҷомеаи  Тоҷикистон мебошад. Паём  ҳамчун Ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи  самтҳои  асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он  мебошад.

Дар  Паёми навбатии  хеш Пешвои миллат ба масъалҳои муҳиму  ҳалталаби  имрӯза, хусусан баланд бардоштани сатҳу  сифати  зиндагии   мардум, беҳбудӣ  бахшидан  ба ҳифзи  иҷтимоии табақаҳои ниёзманди  аҳолӣ ва фароҳам овардани  шароити зарурӣ барои  тарбияи  насли  солиму бомаърифат, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои амалӣ гардонидани  ҳадафҳои стратегии  давлат, ба даст овардани  истиқлолияти    энергетикии  комил, азнавсозии роҳҳои  мошингард, таъмини солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ  дикқати  ҷиддӣ   зоҳир    намуданд.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии соҳибкорон  дар пешрафти иқтисодиёти кишвар муфассал ибрози андеша намуда,  дар солҳои 2021 Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Мо сокинон, ҳар як фарди бонангу ори кишвар бо назардошти вазъи ноороми минтақавии ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, Ватани соҳибихтиёри маҳбубамонро дӯст дорем ва ба он содиқ бошем. Тамоми сайъу талоши худамонро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арасаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

Ба сулҳу субот ва оромии кишварамон шукрона гӯем, ба қадри  дастовардҳои  даврони  соҳбистиқлолӣ бирасем ва тамоми саъю талоши худро ба рушду тараққӣ ва ободии Ватани маҳбубамон равона созем.

Баҳодур Хайруллозода, мутахассиси шуъбаи  ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg