БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- БАХТНОМАИ ЗАМОН

АНДЕША. Дар оғози сол нави соли 2021 Паёми пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, дастур ва роҳнамо барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб меёбад, ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардид. Тавваҷуҳи кулли занону модарони ноҳияи Кӯшониён ба Паём равона шуда, аз тасмимҳои созандаю бунёдкорона дастгирӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон бори дигар ба мо руҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ҳақиқат тавваҷуҳи Сарвари давлат ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарию давлатӣ боиси сарфарозии кулли занону модарон мебошад.

Сарвари давлат бори дигар дар Паёмашон иброз доштанд, ки “То вақте ки ҳастам сиёсати занони мамлакатро дастгирӣ менамоям” ҳамзамон оид ба амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” махсусан аз ташаббуси занону бонувон ва дастгирии сокинони кишвар маннатдорӣ намуданд, ки дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кард. Ҳамзамон дар ироаи Паём, Сарвари давлат оид ба рушди забон махсусан аҳамияти ҷиддӣ дода, иброз доштанд, ки бо забони модарии худ тозаву беолоиш сухан рондан, вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, барои омӯхтани таърихи Ватан, фарҳанг ва ҳифзи мерос ва нигоҳдории он мо бояд кӯшиш намоем. Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд ва ба кулли мардуми кишвар, ки дар давраи бемории коронавирус руҳафтода нашуда, ба корҳои созандагию ободонии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд, сипосу миннатдорӣ баён карданд. Дар ҳақиқат ҳамаи гуфтаҳои дар Паём, моро беш аз пеш ба масъулитшиносию заҳматдӯстӣ, фаъолияти босамару ташаббусҳои нек водор месозад, ки дар ободу шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем.

Иззатуллозода Бибигул,  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg