АНДЕША. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш санаи 26 январи соли равон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки “ ... Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид”.
Ба ин натиҷаҳои баланд мо дар ҳоле ноил гаштем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо таъкидҳо ва дастурҳои Президенти кишварамон санадҳои танзимкунандаи соҳа бо назардошти талаботҳои бозори сайёҳӣ хеле такмил ёфта, як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Солҳои охир шароит ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар инфрасохтори соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла фурудгоҳҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ, меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ба маротиб беҳ гаштааст.
Ҳамзамон, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бунёди як қатор иншоотҳои соҳа ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо ба истифода дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки тибқи таҳлилҳои коршиносон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги соҳаи сайёҳӣ мебошад. Сайёҳӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардида, бо рушд додани соҳа мо сарчашмаҳои навро барои ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар таъсис медиҳем. Дар кишвари мо 4 фасли сол дида мешавад, боду ҳаво ва иқлими мусоид фароҳам аст, мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ, дарёву чашмаҳои мусаффо, олами ҳайвоноту набототи нодир, кӯҳҳои осмонбӯс, мева ва сабзавотҳои аз лиҳози экологӣ тозаву хуштаъм, фарҳанги бой ва анъанаҳои неки қадима имкон медиҳанд, ки сайёҳони зиёд ташриф оранд.
Натиҷаи тадбирҳои роҳандозигашта буд, ки ба кишвари мо соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, дар соли 2019 бошад ин рақам ба 1 миллиону 260 ҳазор нафар баробар шуд. Ин дастовардҳо дар сурате ба даст омаданд, ки имкониятҳои сайёҳии кишвар ҳоло ба пуррагӣ истифода намегарданд. Дар ин самт Президенти кишвар муштарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мақомотҳои дахлдори мо вазифа гузоштанд, ки баҳри рушди соҳа, махсусан рушди сайёҳии дохилӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Боиси қайд аст, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори соҳа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ дар канор намонда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи лоиҳаи ягонаи таҳрезигашта бунёди иншоотҳои гигиениро, махсусан дар шоҳроҳҳо ба роҳ мондааст.
Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди кишвар низ аз дастуру таъкидҳои Пешвои миллат руҳу илҳоми нав бардошт намуда, дар рушди соҳа, махсусан барои рушди сайёҳии дохилӣ бо тарғиби мавзеҳои сайёҳии кишвар байни насли наврасу ҷавон ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.
Бобоев Б, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон