АНДЕША. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте, ки ба майдони сиёсат ворид шуд, миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки натанҳо дар ташаккули таҳаввули таърихии давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат эътироф шуданд. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша мекушанд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшида, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти кишварро зикр ва кадрдонӣ намоем.
Пеш аз ҳама муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд,ки миллатро аз ҳолати нобудшавӣ ва ба коми фано рафтан наҷот бахшанд. Истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофарини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кӯшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвари Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан зина ба зина сӯйи пешрафт аст.
Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллатамон камари ҳиммат мебанданд.
Сарихонова Сарвиноз, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён