БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Мо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ва сокинони шарафманди ноҳия чи тавре, ки огоҳем санаи 26 январи соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимиашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.

Дар ноҳияи Шаҳритус то имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи маориф, муассисаҳои миёнаи умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистонҳо аз нав сохта ба истифода дода шуданд, ки омӯзгорон ва хонандагони мо аз омӯзиши илму дониш қафо намонанд. Дар соли 2021 низ аз тарафи Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои дурдаст сохтмони муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Албатта,  мо ҷавонон ва алалхусус, омӯзгорону хонандагони ин ноҳия дастгириву  ғамхориҳои Сарвари давлатро ҳаматарафа пазируфта, ба омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро боз ҳам пурзӯр намоем, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз таърихи гузаштаи тоҷикон огаҳ бошанд ва барои оянда саҳми худро гузоранд.

Замонов Азиз, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg