БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

АНДЕША. Санаи 26-уми январи соли равон сокинони ноҳияи Вахш, дастаҷаъмона Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи шабакаҳои теливизионӣ тамошо намуданд. Дар давоми соли сипаригардида, дар ноҳияи Вахш як қатор дигаргуниҳо ба амал омадааст.

Дар Паёми имсола қайд гардид, ки новобаста аз буҳрони молиявӣ, ки тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содироти мамлакат ва дастгирии соҳибкорон таваҷчуҳ зоҳир намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ истеҳсолкунандагони ватанӣ фароҳам овардани имкониятҳои васеътарро таъкид намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои гузаштаашон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда буданд, ин як такони ҷиддие буд барои шароити мусоиди зисту зиндагӣ фароҳам овардани мардуми деҳот ва боз ҳам ободу зебо гаштани диёри дилфиребамон. Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши ҷавонону наврасон, завқи китобдорию китобхонӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани адабиёти пурғановати адибони форсу тоҷик, соли 2021-ро  дар кишвар соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат»  вобаста ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ эълон карданд.

Дар Паём Сарвари давлат ба мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар дастгирии сиёсати давлат ва афзоиши онҳо дар корҳои роҳбарӣ, хизмати давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои фаъолияти онҳо махсус қайд карда гузашта, масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа қадр гардид.

Мардуми шарафманди Вахшонзамин соли сипаригардидаро ба як қатор дастовардҳои хурду бузург, дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ паси сар намуда, бо як дасту дили гарм, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси Ватан, 30-солагии Истиқлолияти кишвар қадамҳои устувор гузоштаанд.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи ко бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg