БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҶОМЕА

ЛЕВАКАНТ. Дар муассисаи таълимии № 9-и шаҳри Левакант бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар вохӯрӣ доир гардид.

Дар аввал раиси Кумитаи иҷроия якчанд нуктаи асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба соҳаи маориф шарҳ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи худ барои солҳои 2020-2025 ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ афзалият дода истодааст. Чуноне аз Паём бармеояд, соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар рафти вохӯрӣ ба аъзои наве, ки  ба сафи ҳизб пайвастанд,  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, аз онҳо хизмати софдилонаву содиқона баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ тақозо гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg