КӮШОНИЁН. Аз рӯзҳои аввали сабт шудани бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо дидору вохӯриҳо доир карда, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузарониданд, ки ин амал то ҳол идома дорад.
Яке аз чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҳизб доир шуд, ки масъулин дар рафти чорабинӣ ба аҳолӣ оид ба бемории “COVID-19” маълумоти муфассал додан ва онҳоро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ раҳнамоӣ карданд.