
КӮШОНИЁН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Навбаҳор корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “кӯча ба кӯча”, “хона ба хона” оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии бемории сироятии COVID-19 вохӯриҳо доир гардид.
Зимни мулоқоту суҳбатҳо бо сокинони деҳаи дар болозикршуда тавсияҳо дода шуд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ва қувваи барқро сарфакорона истифода баранд. Дар поёни мулоқотҳо варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тақсимот карда шуданд.