БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ ПЕШГИРӢ АЗ ҲАР ГУНА БЕМОРИҲОСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Камароб” бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоӣ корҳои созандагиву ободонӣ сурат гирифт.

Ин иқдоми неку шоиста бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён роҳандозӣ гардида, дар ин рӯз  сокинон бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар ба корҳои созандагӣ машғул шуданд. Дар вақти амалигардонии корҳои ободонӣ  гирду атрофи  хонаҳои истиқоматӣ, ҷӯйборҳои обгузар аз партову алафҳои бегона тоза карда шуда, ба симои  деҳаи мазкур ҳусни зебогиро зам намуд. Инчунин, ташаббуси ватандӯстона аз ҷониби иштирокдорони чорабинии ҳизбӣ бо хушнудӣ пазируфта, чанде аз онҳо  иброз доштанд, ки тозагии муҳити зист пешгирӣ аз ҳаргуна  бемориҳои сироятӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg