БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи оқилонаи об боиси ободонии ҳар як хонадон

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади   дар  амал  татбиқ  намудани   сиёсати  пешгирифтаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон , ташвиқу  тағриби  ҳадафҳои Барномавии  ҲХДТ, фаҳмонидани  дастовардҳои  даврони  Истиқлолият  дар  байни  мардум,  ҷалби  аъзои  ҳизб  ба  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ , барои  бо  таври  шаффоф ва  омафаҳм  нишон  додани тамоми  фаъолияти  ҳизб  таҳти   сарварии  Раиси   муаззами  он тибқи   нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор   корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  дар  ташкилоти  ибтидоии  “Хоҷагии  об”  бо  иштироки зиёда  аз  30  нафар аъзои ҳизб    ва  корманди масъули  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав, мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот  ва  матбуот   Муродов  Раҳмон  вохӯрӣ баргузор  гардид.

Муродов  Раҳмон  оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  нуктаҳои  асоси  Паёми   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомал,  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ  дода, чораҳо ҷиҳати  пешгирӣ аз   омилҳои  ба  вуҷудоварандаи  коррупсия, истифодаи  нодурусти   технологияи   муосир, пешгирӣ   аҳоли аз бемориҳои  сироятӣ, тарбияи ҷавонон  дар  руҳияи  ватандӯстӣ ва ҷалби  онҳо   ба  хизмати  ҳарбӣ, ба  роҳ мондани  корҳои хонагӣ, ривоҷ  додани   соҳибкорию хоҷагидорӣ, вазъи  ноороми  ҷаҳони  муосир, пешгирии   аз  хатарҳои  ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ  суханронӣ кард.

Дар  рафти  чорабинии  ҳизб, ба  суолу  дархостҳои  кормандони хоҷагии  оби  ноҳия ҷавобҳои  қаноатбахшу  саҳеҳ гардонида  шуд.      

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg