АНДЕША. Ман ҳар сол Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, эътиқоднокӣ тамошо мекунам. Баъди тамошои телевизионии Паём аз тариқи матбуоти даври ҳамаҷониба Паёмро мутолиа намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳам. Дар ҳақиқат Паёми имсолаи Пешвои миллат бо як ҳисси меҳру муҳаббат ва садоқатмандӣ ба Тоҷикистони азиз ироа гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон пайваста таъкид карданд, ки мо бояд чун ниёгонамон бо фарҳангу соҳибмаърифат бошем.
Тоҷикон фарҳанги ғанӣ ва таърихи пурифтихори миллӣ доранд. Арҷ гузоштан ба таърихи бостонии миллат ба олимону мутафакирон вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки тоҷикон таърихи 6000 сола доранд ва миллати тамаддунсозу тамадунофар мебошанд.
Дар Паём оид ба ободкориву созандагии халқи шарифи тоҷик барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон сухан рафта, Пешвои миллат саҳми соҳибкорону тоҷирони саховатпешаро махсусан қайд намуданд.
Мо хурду бузурги мардуми кишвар бояд Истиқлолияти давлатӣ ва музафариятҳои даврони соҳибистиқлолиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳифзи гавҳари бебаҳо истиқлолият, нангу номуси миллӣ, иттиҳод ва сарҷамъии тамоми мардуми шарифи тоҷик мебошад.
Ҳукумати кишвар ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодааст.
Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки 3 мактаб-интернати президентӣ барои ятимони кул сохта ба истифода дода шавад. Инчунин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дода шавад, сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳо беҳтар гардида, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳким ёбанд ва ба ҳар як муассисаи таълимии миёнаи ибтидоии 1 нафар корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо вобаст карда шуданд. Бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифати таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик карда шавад, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беҳтар гардонида шуда, сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобаста буда, имкон медиҳад, ки дар соҳаи маориф мо ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Боиси хушнудист, ки Пешвои миллат стипендияи донишҷӯёнро аз 1 сентябр 30% зиёд намуданд. Ба мо маълум аст, ки солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида буд. Дар ин асос Пешвои миллат супориш доданд, ки ба хориҷи кишвар аз соҳаи илмҳои дақиқ донишҷӯён зиёд фиристода шаванд.
Боиси хурсандии кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва тамоми кишоварзони мамлакат он нуқтаи Паём аст, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 аз супоридани андози ягона аз замин тамоми кишоварзонро озод карданд. Ман фикр мекунам, ки ин ғамхориҳо дар ҳаққи кишоварзони мамлакат онҳоро руҳбаланд сохта, соли 2021 соли пурфайзу бобаракат барои тамоми мардуми шарифи тоҷик мегардад. Бо ғамхориҳои Пешвои миллат дар бораи кишоварзон имсол маҳсулоти кишоварзӣ, бахсус гандум, мева ва сабзавот фаровон гашта, сокинон онҳоро бо нархи дастрас харидорӣ менамоянд.
Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуи босуръати кишвар нигаронида шуда, марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин ва зиндагии арзандаи халқи тоҷикро муҳайё месозад.
Гадоӣ Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ