БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ба сухан баромада, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва  ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таасуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём карор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ масъулин оид ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg