БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕШАРАФӢ ТО БЕНОМУСӢ

ВОКУНИШ. Мо, тамоми мардуми Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем. Воқеан ҳам он даҳшату ваҳшат, қатлу хунрезӣ харобиҳое, ки саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲН бар сари ин миллати тоҷик оварданд аз тамошои филми дар боло зикршуда бараъло дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух дода буданд, аъзои наҳзатиҳои террорист буданд ва ин пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест.

Дар воқеъ яке аз аъзои наҳзатӣ, ки инстифода аз номи ислом мардумро гумроҳ карда буд, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад, ки ӯ соли 1985 аз тарафи суди шаҳри Қӯрғонтеппа барои бо ҳайвон муносибати бадахлона кардан ба якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд. Қаландари Садриддин барои гурез аз ин шармандагарӣ, ки дар байни мардум овоза шуда буд, чандин маротиба ҷойи зисташро иваз мекунад. Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқболро барои сабақи динӣ гирифтан ба домуллоҳои бонуфузи он замона бо номи Муллошариф тоҷике, ки ӯ низ яке аз гурезаҳо буд, ба назди ӯ месупорад. Баъдан дар минтақаи Кампи Амирободи давлати Афғонистон, Қумондон Ғулом гуфтанӣ афғоне бо бародари худ дар ин минтақа нуфузи калон доштанд ва онҳо дар минтақаи Амирободу Хонобод худро шоҳу вазир медонистанд онҳо ба касе итоат намекарданд ва сухани касеро низ намегирифтанд ва рӯзе қумондон Ғулом дар кӯча Иқболро, ки хело навраси зебову диққатҷалбкунанда буд, мебинад ва Иқбол ба Қумондон Ғулом маъқул мешавад, баъдан қумондон Ғулом ба навкарони худ амр медиҳад, ки бо ҳар роҳе, ки набошад ҳамин навраси тоҷикро гирифта ба наздаш баранд ва оқибат бо пули калон Иқболро аз Муллошариф харида гирифта, ба назди қумондон Ғулом мебаранд. Дар давоми як соле, ки Иқбол бо ҳамроҳии ӯ буд, қариб ҳар рӯзу шаб Иқболро либоси занона пӯшонида ба пои Иқбол зангӯла баста, дар аввалҳо маҷбур мекард, ки дар назди ӯ рақсу бозӣ намояд то, ки хушҳолии худро бо ҳамин роҳ таъмин созад. Қумондон Ғулом бо Иқбол бачабозӣ мекард.

Аъзои собиқ Ҳизби наҳзат, то ҳол аз амалҳои нопок ва ноадолатонаи худ нагашта, аз давлатҳои хориҷӣ истода, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромадҳои ифлоси худро нисбати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тинҷию амнияти давлати соҳибистиқлоли мо, ки бо меҳнату талошҳои зиёди роҳбарияти давлат Қаҳрамонони миллати тоҷик баъди ин қадар азобу машақате, ки аъзоёни ин ҳизби террористӣ ба сари мардуми миллати тоҷик оварданд, аз дури истода, номардона баромаду ҳаракатҳои худро карда истодаанд. Хушбахтона ва шукрона, ки  мо мардуми Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо дили пур ва сари баланд гуфта метавонем, ки мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён дигар фирефтаи баромад ва гуфтаҳои на Муҳаммадиқбол ва на ин ҳизби террористӣ ҳаргиз намешавем ва нахоҳем шуд.

Файзиддин Қудратов, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg