БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРАФ МОЛИ АСИЛЗОДАҲОСТ!

ВОКУНИШ. Даврони босаодати соҳибистиқлолӣ бо амри тақдир насиби миллати тоҷикон гардидааст. Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост, ки дар он халқҳои гуногунмиллат оромона дар фазои ваҳдатбори он умр ба сар мебаранд. Шукри неъматҳои бузурги рӯзгор, бо лутфу марҳамати Худованд миллати тоҷикро аз парокандагию нестӣ эмин нигоҳ дошт, ба роҳи равшану пирӯзиҳо ҳидоят намуданд ва ин сарнавиштро ба дасти Пешвои миллатамон супориданд, азму талошҳои ватандӯстонаи Роҳбари муаззами миллат моро ба некрӯзӣ расонид. Халкҳои давлати арҷманди мо, таҳти сиёсати ин абармарди тавонову некном муттаҳид гардида, ба хотири наслҳои дигар давлати бузурги тоҷиконро месозанд. Аҷиб аст, ки дар ҷомеа афроде низ ёфт мешавад, ки аз фазои орому осудаи кишвар ношукри менамоянд ва ба номи Тоҷикистон маломату буҳтонҳои пучу беасос мегӯянд. Филми “Бешарафӣ” бори дигар чеҳраи нопоку касифонаи М.Садриддинро инъикос намуд. Сокинони кишварамон аз сиришти разилонаи ин бешараф огоҳ гардиданд. Маълум гардид, ки дар мулки бегона барои дарёфти қути лоямут ба пастӣ расида, арзишҳои милливу суннатии тоҷиконро зери по гузоштааст. Аслан шараф моли асилзодаҳост ва бадзот аз ин мерос бархурдор нест!

Шукруллозода Дилафрӯз, вакили  Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳияи  Кӯшониён                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg