БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛИ БЕШАРАФУ БЕИҚБОЛ

ВОКУНИШ. Баъд аз тамошои қисмати 7-уми силсилафилми мустанади «Хиёнат», ки  шоми 21-уми январи соли равон дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон таҳти унвони «Бешарафӣ»  намоиш дода шуд, боз беномусиву фосиқӣ ва бешарафии як тан аз аъзои бо ном «Паймони миллӣ», ки саркардаи маънавиашон М.Кабирӣ аст, дар оинаи беҷиллояшон намудор гаштаву ошкор шуд.

Мегӯянд, ки волидайне,ки луқмаи ҳаром мехӯраду фарзандро бо ҳамин луқма калон мекунад, оқибат фарзанд ҳаромзода мегардад. Мулло Қаландар-падари Муҳаммадиқбол, ки худ ҳаққи мардумро мехӯрд ва аҳлу аёлашро дар як рӯҳияи асримиёнагии хурофотпарастӣ тарбия менамуд дигар чӣ ҷои баҳсу андешаронист.

Аз нигоҳи банда ва ба гуфти бузургони ниёгонамон:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав.

Ё ин ки дар замини шӯразор лола намерӯяд, ҳаргиз.

Гуфтан ҷоиз аст,ки Муҳамадиқбол барин ашхоси  бадтиннату беномус дар оила ва муҳити носолим ба дунёи ҳастӣ омадаанд ва чандин гумроҳону ноогоҳони  дигарро аз дунболи худ мебаранд, ки дар шабакаҳои иртиҷоӣ ягон-ягон пайдо мешаванду бо чеҳраи « сафеду хӯшрӯ» ва дили  ғализу нияти нопоки худ амри маъруф мекунанду дар корҳои сиёсиву давлатдорӣ худро ҳомӣ ва беҳамто мешуморанд. Чӣ хеле ки бузургон гуфтаанд: «Чеҳраи фиребгару фосиқ мақсадҳоеро, ки  дили маккоронааш ба нақша гирифтааст, пинҳон медорад», вале ҳарчанд «доно» бошанду дар назди дурбинҳои наворбардорӣ  худро рост нишонанд ва ростгӯву ростқавл нишон доданӣ  шаванд ҳам,  оқибат бо мурури замон ва бо гузашти айём дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ каҷгуфторию каҷрафторӣ ва нияти нопокашон бараъло намоён  мегардад.

 Фикр мекунам «Оғо»-и Кабирӣ баъд аз тамошои ин филм саргузашти нангину касифи худро пеши рӯ овард.

Хулоса аз нигоҳи банда ва кулли тамошобинон чеҳраҳои кулли ифротгароёну душманони давлату миллат яксону бо ҳам монанданд. Ин кирдори нангине,ки Муҳаммадиқболи фосиқ аз замони кӯдакӣ оғоз намудааст, дарди бедармону бемалҳам аст.

Боз гуфтаи бузургон ба хотир мерасад, ки  «Ашхоси қаллобу мутаассиб танҳо пушаймон мешавад, аммо ислоҳ намегардад ё «тарки одат амри маҳол» гуфтаанд.

Дар интиҳои сухан ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки мо бонувони тоҷик аз ин амалкардҳои номардона ва номусфурӯхтаи ин тоифа хоинон шармсорем ва ба онҳо лаънат мехонем.  

Мавзуна Сунатуллоева, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg