БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Н.ХУСРАВ. Сокинони  ноҳияи  Носири Хусрав, ҳамчунин   ҳамаи ташкилоту  муассисаҳо тамошои дастаҷамъонаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи  26-уми  январ  баргузор  гардид  ва  суханронии Пешвои миллат -Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон тариқи  теливизон  тамошо намуданд.

Дар Паёми  имсола  қайд  гардид, ки новобаста  аз  буҳрони  молиявӣ, ки  тамоми  давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, Ҳукумати  Чумҳурии  Тоҷикистон  соли  сипаришуда  пешрафти  соҳаҳои мухталифи  иқтисодӣ, бахусус бахшҳои  истеҳсолӣ  таъмин  гардида,  рушди  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ дар  сатҳи  7 фоиз нигоҳ  дошта шуд. Амалишавии  барномаҳои  соҳавии  қабулгардида ва  лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  бо  ҷалби  сармояи  мустақим боз  ҳам  ривоҷ  дода  мешаванд.

Сарвари  давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни  ироаи  Паём  ба Маҷлиси Олии  кишвар ба  хотири  рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содироти  мамлакат  ва  дастгирии соҳибкорон таваҷчуҳ  зоҳир намуда, ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  дастгирии  молистеҳсолкунандагони  ватанӣ  фароҳам  овардани имкониятҳои  васеътарро  таъкид  намуданд.

Ҳамчунин  дар  Паёми  имсола  дар  устувор  гардонидани  пояҳои  моддиву  техникии  муассисаҳои  таълимӣ, баланд  бардоштани  сифати  таълим  дар ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот, махсусан  таҳсилоти  томактабӣ  бо маром  зиёд карда  мешаванд, ки барои  рушди   қобилияти  зеҳнии  кӯдакон  шароити  мусоид  фароҳам  оварда  мешавад. Соли  2021  дар  кишвар  соли  баргузории  озмуни  ҷумҳуриявии   «Илм  фурӯғи  маърифат»  вобаста  ба  таълими фанҳои  табиатшиносӣ  ва  ризиё  баргузор  мегардад. Барои  ғолибони  озмун  ва  инчунин,  омӯзгору  волидайни хонандагоне, ки  дар  озмунҳо  ҷойҳои  сазоворро  сазовор  мегарданд, ҳавасмандкунии  давлатӣ  муқаррар  карда мешаванд.

Дар  соҳаи ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ дар Паём  барои  маъюбони  модарзода маъюбони  гурӯҳи  якум  низ иловапулиҳо  муқаррар  мегарданд,ки аз  ғамхорҳои  Сарвари  давлат дар  ҳақки  гурӯҳҳои  осебпазири  аҳолӣ, дар навбати  аввал  маъюбону  бесармондагон  ба  шумор  меравад.

Дар  Паём  Сарвари  давлат  ба  мақоми  зан  дар  ҷомеа баланд  бардоштани  мавқеи  онҳо  дар  дастгирии  сиёсати давлат  ва  афзоиши  онҳо  дар  корҳои  роҳбарӣ  ва  хизмати  давлатӣ  ва  фароҳам  овардани  имкониятҳои  васеъ барои  фаъолияти  онҳо  махсус  қайд  карда  шуда,  масъулиятшиносии  занон  ҳамчун  нерӯи  бузурги  ҷомеа  қадр гардид. 

Дар  соҳаи ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ дар Паём  барои  маъюбони  модарзода маъюбони  гуруҳи  якум  низ иловапулиҳо  муқарар  мегарданд.,ки аз  ғамхорҳои  Сарвари  давлат дар  ҳақки  гуруҳҳои  осебпазири  аҳолӣ, дар навбати  аввал  маъюбону  бесармондагон  ба  шумор  меравад.

Дар  Паём  Сарвари  давлат  ба  мақоми  зан  дар  ҷомеа баланд  бардоштани  мавқеи  онҳо  дар  дастгирии  сиёсати  давлат  ва  афзоиши  онҳо  дар  корҳои  роҳбарӣ  ва  хизмати  давлатӣ  ва  фароҳам  овардани  имкониятҳои  васеъ барои  фаъолияти  онҳо  махсус  қайд  карда  шуда,  масъулиятшиносии  занон  ҳамчун  нерӯи  бузурги  ҷомеа  қадр  гардид.

Сарвари  давлат  дар  Паём доир  ба  авзои  сиёсии сайёра ҳоло  бисёр ноорому бесубот ва  боиси  ташвишу нигшаронии  ҷидди  ҷомеаи  ҷаҳон гардидааст  дар  суханрониҳои худ иброз  намуда,  ҷалошҳои  Тоҷикистонро бахшида  ба  хатарҳои  замони  муоссир   изҳор  намуданд.

Сураё  Ализода, раиси  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg