БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ САМТҲОИ АФЗАЛИАТНОКИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ФАРХОР. Санаи 25-уми январи соли ҷорӣ бо мақсади тарғибӣ пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Молия” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар ин мулоқот, нотиқон дар масъалаи истифодаи самараноки замин чунин иобози андеша намуданд, аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгўӣ кардан мумкин аст, ки оқубатҳои ногуворро ба бор овардани ин вирус аз эҳтимол дур нест.

Албатта, вақте, ки корхонаҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар муассисаву идораҳои давлативу хусусӣ аз кор бозмонданд, буҷаи давлат иҷро нагардида, рушди иқтисодиёти мамлакат таъмин намегардад. Дар ин ҳолат, ягона роҳе, ки метавонад моро аз гирифтор нагардидан ба мушкилоти норасоии озуқаворӣ дар соли 2021 раҳонад, боз ҳам рў овардан ба соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаи назди ҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, заминҳои президентӣ, саҳмияҳое, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд, мебошад.

Бо ин мақсад, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолонро вазифадор намуданд, ки хоҷагиҳои ҷамъятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо ва полезиҳо, гирифтани се - чор ҳосил, баланд бардоштани самаранокӣ бо ташкили гармхонаҳо, ҳатто дар заминҳои наздиҳавлигӣ, корбарӣ намоянд.

Ногуфта намонад, ки Пешвои муазами миллат дар суханрониашон ба мардуми кишвар хотирнишон карда шуд, ки сокинони мамлакат бояд дарк намоянд, ки дар баробари афзоиш ёфтани аҳолии кишвар теъдоди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ низ ҳамарӯза таъсис ёфта, мавриди истифодаи умум қарор гирифта истодааст, ки хароҷоти зиёдатии нерӯи барқро талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо ҳозирини гиромӣ эхтиромона хоҳиш менамоям, ки дар сарфакоронаву оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа дода, маблағи қувваи барқи истифодашударо саривақт пардохт намуда, ба ин васила дар таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқи доимӣ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноативу истеҳсолиамон мусоидати фаъол намоем. Ничунин боридигар оид ба озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур ҳушдор карда шуданд.

Ҳамзамон оиди пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки ҳаминҳои наздиҳавлиги низ нотиқон суханронӣ намуда, ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” дастур дода шуд, ки барои баргузор намудани амалёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” омода бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg