БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӢ БЕШТАР ТАҲТИ ТАЪСИРИ ТЕРРОРИСТОН ҚАРОР МЕГИРАД?

АНДЕША. Ин суолест, ки аксаран ҷавоби онро медонанд.  Ҷавонон. Кадом ҷавонон? Ҷавононе, ки аз донишҳои сиёсию иҷтимоӣ бархурдор нестанд, саводи хуби таҳлилӣ расонаҳои иттилоотиро надоранд. Худшиносу худогоҳ набуда, ба қадри  Ватан ва арзишҳои пурғановати миллӣ намерасанд. Оне, ки чунин дониш ва қобилиятро дорост, худ ва наздиконашро аз таблиғу ташвиқи бардурӯғи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳифз менамояд, ба ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ ҳамроҳ намешавад.

Набояд фаромӯш сохт то оне, ки наврасону ҷавонони мо  моҳияти аслӣ, мақсаду мароми  экстремизм, терроризм, хурофотпарастӣ, бегонапарастиро ба хубӣ дарк нанамоянд, хавфи шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳои ифротӣ   аз байн намеравад.

Бояд қайд намуд, ки рӯз то рӯз доман паҳн намудани терроризму экстремизм ва рӯй додани амалҳои террористӣ дар тамоми гӯшаю канори дунё, ки Тоҷикистони азизи мо аз ин хавфу хатар эмин нест, ҳамаро   ба ташвиш овардааст.  Ин аст, ки дар мамлакат барои аз доми фиреби террористону экстремистон раҳо кардани ҷавонони гумроҳгашта корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мулоқоту суханрониҳояшон ба зиёиёну дигар табақаҳои аҳолии кишвар ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, муборизаи дастаҷамъонаи тамоми давлатҳои дунёро дар  мубориза ба ин падидаи номатлуб муҳим арзёбӣ менамояд.  Мутаассифона, то имрӯз дар ин мубориза на   ҳамаи кишварҳои ҷаҳон фаъоланд.  Дар баромади Пешвои миллат омадааст, ки  баъзе давлатҳои абарқудрат дар ин мубориза муносибати духура  доранд.

Барои раҳоӣ аз ин хатари умумиҷаҳонӣ ҳар яки моро мебояд, ки нисбати тарбияи насли наврас бе тафоввут набошем.  Дар кори тарбияи ин гурӯҳи осебпазир, ки дар навраси калавишҳо ва зиёдаравӣ менамоянд,   масъулияти бештар зоҳир намуда, ҳамкории падару модарро ба муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.

Муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин ниҳод  дар тарғибу ташвиқи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро зарур аст, ки тарбияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавононро бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаи итттилоотӣ  ба роҳ монанд.

Дар қатори дигарон маорифчиёни ноҳияи Ховалингро ҳам мебояд, ки ба сифати таълиму тарбия, омӯзиши ҳаматарафаи фанҳои таълимӣ, хондану аз бар намудани  асарҳои илмию бадеӣ бештару бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Наслеро тарбия намоянд, ки дар муқобили терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда тавонанд. Ҳифзи Ватан, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дигар арзишҳои олии ватандориро  вазифаи ҷонии худ донанд,  барои ободонии Тоҷикистони азиз ва пешрафту тараққиёти он содиқона хизмат намоянд.

Тоҷиддин Мирзоев, муҳаққиқ,  узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg