ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки Ватанзода Сайҷафар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант” вохӯрӣ доир гардид, ки дар рафти он ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино” ба фаъолият оғоз намуд.
Ватанзода Сайҷафар доир ба ҳадафу мақсадҳои созандаи ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешсаф ва созандаю бунёдкор сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо гузашти 26-соли мавҷудияти ҳизб амиқан дарк менамоем, ки ҳизб аз иҷрои вазифаи муҳиму таърихии хеш, яъне ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар кишварамон сарбаландона баромад ва маҳз бо шарофати ҳамин неъмати бебаҳо Тоҷикистон бомаром рушд карда истодаву бо ҳидояту раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона дар роҳи бунёдкориву ободонӣ қадам ниҳода истодааст. Аъзои ин ҳизби бонуфуз будан ва саҳм гузоштан дар амалисозии ҳадафҳои он барои ҳар фарди ватандӯст ифтихори бузург аст. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқ ва дар хизмати халқ аст.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбиро тақдим карда, ба онҳо дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб муваффақиятҳо орзу намуд.